Ссылки доступа

Иктишофи амрикоӣ дар бораи хатарҳо ба ИМА ҳушдор медиҳад


Дар солҳои оянда Русия ва Чин талош мекунанд, бо истифода аз вазъияти нав, ки боиси заъиф шудани назми байналхалқӣ гаридааст, Амрикоро ба чолиш кашанд.

Чунин баёния дар стратегияи нави иктишофии ИМА зикр шудааст, ки рӯзи сешанбе нашр гардид.

Тамоюлҳои ҷаҳонӣ, ки миёнашон кам кардани нақши институтсияҳои байналхалқӣ, ҳамла ба демократия ва инзивои сохторҳои давлатии кишварҳои Ғарб дар ояндаи наздик бартарӣ пайдо хоҳанд кард, навиштаанд таҳлилгарони амрикоӣ. "Талошҳои мудовими Русия барои бештар кардани таъсир ва қудрати худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бо манфиатҳои ИМА дар тазоданд", - омадааст дар гузориш. "Аслиҳасозии Чин ва талоши ин кишвар барои ҳукмронии иқтисодӣ ва ҳудудӣ дар уқёнуси Ором боиси нигаронӣ аст", - афзудаанд таҳлилгарон.

Ин гуна гузориш дар 4 сол як маротиба нашр мешавад. Баъди ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 иктишофи амрикоӣ созмонҳои террористиро барои ИМА хатари асосӣ унвон кард. Ҳамакнун таваҷҷуҳ ба ноустувории ҷаҳон равона шудааст.

XS
SM
MD
LG