Ссылки доступа

Раҳбари мухолифони Венесуэла худро президент эълом кард. Трамп ҷонибдор аст


Раҳбари мухолифон ва раиси порлумони Венесуэла Хуан Гуайдо 23 январ дар пайи эътирозҳои оммавии кишвараш худро президенти муваққат эълом кард.

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, "мардуми Венесуэла далерона зидди режими Мадуро садо баланд кард ва аз Гуайдо ҷонибдорӣ кард, ки худро раҳбари Венесуэла эълом намудааст.

"Ассамблеяи миллӣ бо иҷрои нақши шохаи ягонаи қонунии ҳокимият ба Конститутсияи кишвар муроҷиат кард, то ҳукумати Николас Мадуроро ғайриқонунӣ эълом кунад", - омадааст дар изҳороти Кохи сафед.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео низ аз Николас Мадуро даъват кард, ки қудратро бо хоҳиши худ ба Гуайдо бисупорад.

Эътирозҳои оммавӣ зидди давраи дувуми президентии Николас Мадуро 23 январ дар чанд шаҳри Венесуэла -- Каракас, Валенсия, Баркисимето, Маракай ва Сан-Кристобал оғоз шуданд. Дар онҳо даҳҳо ҳазор одам зери шиори "Озодӣ, озодӣ" иштирок карданд. Мухолифон эътирозҳоро дар солгарди сарнагун шудани ҳукумати президенти пешин Перес Хименес баргузор карданд, ки соли 1958 сурат гирифта буд.

Муовини президенти Венесуэла Делсӣ Родригес рӯзи чоршанбе гуфт, ки эътирозҳоро ИМА ва олигархҳои кишвараш ташкил карданд. "Имрӯз олигархҳо аз империяи Амрико фармон ва дастурамал гирифтаанд, вале мо ватани худро ҳимоят мекунем", - афзуд ӯ.

Нацгвардия готовится к разгону демонстрантов в Каракасе
Нацгвардия готовится к разгону демонстрантов в Каракасе

Мадуро барандаи интихобот дар соли 2018 эълом шуд, вале расман 10 январ корро оғоз кард. Пирӯзии ӯро на ҳамаи кишварҳо эътироф доранд. Нозирон ва мухолифон мегӯянд, дар рафти интихобот қонунҳои ин кишвар поймол шудааст. Худи Мадуро на дар порлумон, балки дар Додгоҳи олии Венесуэла савганд ёд кард. Зеро бештари вакилони порлумон ҷонибдори мухолифонанд ва пирӯзии ӯро эътироф намекунанд.

Муовини президенти ИМА Майк Пенс 22 январ Мадуроро "худкома" номид ва дар як видеое бо забони испанӣ ба мардуми Венесуэла гуфт, "мо дар канори шумо хоҳем буд, то демократия дар Венесуэла барқарор шавад ва озодии худро дубора ба даст оред".

Мадуро ва ҷонибдоронаш раҳбарони мухолифони Венесуэларо "террорист" номида гуфтанд, ҷонибдорони ҳукумати кунуниро ба кӯчаҳо хоҳанд баровард.

XS
SM
MD
LG