Ссылки доступа

МТС: "Довталаби курсии президентӣ аз ташхиси бемориҳои рӯҳӣ гузарад"


Кувватали Муродов
Кувватали Муродов

Тасмими Қувваталӣ Муродов, яке аз фаъолони собиқ Фронти Халқӣ барои иштирок дар интихоботи соли ояндаи президентии Тоҷикистон вокунишҳоеро ба бор овард. Бархе азми ӯро ҷиддӣ нагирифтанд, вале иддае дигар ташаббуси ӯро ба боди танқид кашиданд.

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, дар робита ба тасмими Қувваталӣ Муродов се матлаб нашр кард ва дар яке аз матлабҳо пешниҳод шудааст, ки "ӯро аз ташхиси тиббӣ гузаронанд".

Муродов ҳафтаи гузашта аз тасмими худ барои иштирок дар интихоботи соли 2020 хабар дод. Ӯ 17-уми январ гуфт, шояд номзади арзанда набошад ва овози заруриро ба даст наорад, "вале ба хотири принсипҳои демократӣ ин ҳақро дорад, ки дар интихобот бо тарафдоронаш иштирок кунад".

Намояндаи собиқ Фронти Халқӣ гуфт, ҳадафи иштирокаш дар интихобот шикастани "сиёсати тарс" аст ва пешниҳод кард, ки барои риояи адолат дар байни номзадҳо ҷамъоварии имзои ҷонибдорон коҳиш ёбад. Феълан барои як номзад ҷамъоварии 210 000 имзо зарур аст.

Дар яке аз матлабҳои сомонаи Маркази тадқиқоти назди президенти Тоҷикистон омадааст, “азбайнбарандаи "сиёсати тарс" ба нерӯи худ як зарра эътимод надорад ва ба ҷойи аз байн бурдани тарс аз он меҳаросад, ки агар номзадиашро пешниҳод кунад, шумораи даркории имзоҳоро ҷамъ оварда наметавонад”. Дар матлаб ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки “сиҳатии Муродов” ташхис шавад.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон рӯзи 23-юми гуфт, онҳо сокинони оддии Душанбе ҳастанд, ки матлабҳояшонро барои нашр ба Маркази тадқиқоти стратегӣ оварданд. Сафаров гуфт, мақолаҳои дигаре низ ҳаст, ки кормандони худи ин ниҳод навиштаанд, вале ҳанӯз нашр нашудаанд.

Сафаров мегӯяд, бо муаллифони матлабҳои нашршуда ҳамназар аст, ки “воқеан “он қадар хубиву некиҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба мардум кардааст, дигар ҳеҷ нафар дар паҳлуи ӯ рақобат карда наметавонад". Бо ин вуҷуд, Сафаров мегӯяд, мухолифи иштироки Қувваталӣ Муродов дар интихобот нест.

Соли оянда даври дувуми ҳафтсолаи президентии Эмомалӣ Раҳмон ба охир мерасад ва Тоҷикистон бояд интихобот баргузор кунад. Ҳанӯз ҳеҷ ҳизбу ҳаракати кишвар барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ изҳори омодагӣ накардааст.

XS
SM
MD
LG