Ссылки доступа

Ҳунармандони сирки Бишкек аризаи аз кор рафтанашонро навиштанд


Бештар аз 30 ҳунарманди Сирки давлатии Қирғизистон аризаи аз кор рафтанашонро навиштанд. Дар ин бора роҳбари гуруҳи "Жаш Қирғизистон" Дониёр Болокбоев хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, ҳамроҳ бо аризаҳои аз кор рафтан ҳунармандон тасмим доранд, тамоми ҷомҳо ва ифтихорномаҳоеро, ки дар озмунҳои байналхалқӣ соҳиб шудаанд, ба вазири фарҳанги Қирғизистон Азамат Жаманқулов расонанд.

Рӯзи 21 январ ҳунармандони Сирки давлатӣ назди бинои порлумон гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Онҳо аз таъйин нашудани мудири нави сирк дар давоми ду моҳ эътироз карданд ва ҳамзамон пешниҳод доштанд, ки Аида Оқматова мудир таъйин шавад. Ҳунармандон баъдтар эътирозашонро назди бинои вазорати фарҳанг ва Хонаи ҳукумат идома доданд.

Вазири фарҳанги Қирғизистон гуфт, ҷараёни пайдо кардани мудири нав идома дорад.

Сирки давлатии Қирғизистон соли 1962 таъсис шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар ин сирк 130 кас кор мекунад, ки наздики 40 танашон ҳунарманд ҳастанд.

XS
SM
MD
LG