Шоҳин Саидзода соли гузашта дар Русия ба асардуздӣ айбдор ва бино ба иттилои пойгоҳи "Диссернет", аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум шуд.
Масъулони Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳимояи рисолаи номзадии Шоҳин Саидзода рӯзи 12-уми апрели имсол баргузор мешавад. Мавзӯи рисолааш “Такмили қонунгузорӣ оид ба ҷавобгарии ҷиноӣ барои қочоқ” аст. Худи ӯ низ 23 омодагиашро ба ҳимояи дубораи рисолаи номзадӣ тасдиқ кард, вале нахост тафсилот диҳад.
Доктори илми ҳуқуқ Валиҷон Абдуҳамидов, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ба кори Шоҳин Саидзода баҳои мусбат дод. Ӯ гуфт, “кораш хуб буд ва мо баъзе машваратҳои худро пешниҳод кардем.”
Саидзода 35 сол дошта, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Вай дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2017 дар вазифаи муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф фаъолият дорад. Соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро соҳиб шуда буд.
Ӯ бори аввал моҳи декабри соли 2011 рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Пойгоҳи “Диссернет” баҳори соли гузашта ӯро ба “асардуздӣ” муттаҳам намуд ва ба Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия тавсия дод, ки олими ҷавони тоҷикро аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум кунад.
Масъулони “Диссернет” гуфтанд, матни кори илмии Шоҳин Саидзода бо номи "Ҷавобгарии ҷиноӣ барои қочоқ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз матни муҳаққиқони рус рӯйбардор шуда, фақат калимаи “Русия” бо “Тоҷикистон” иваз шудааст.