Ин изҳороти Пелосӣ вокуниш ба суханҳои Трамп буд, ки гуфт, бо вуҷуди дархости ба таъхир андохтани паём ният дорад, ҳафтаи оянда онро дар Конгресс ироа кунад. Пештар Пелосӣ аз Трамп хост, ба иллати қатъи кори баъзе аз бахшҳои ҳукумат ироаи паёмро ба таъхир андозад.
Тибқи анъана, Палатаи намояндагони ИМА бо қабули қатъномаи махсус президенти ин кишварро даъват мекунад, ки паёми солонаи худро расонад. Пелосӣ пештар Трампро барои ироаи паём даъват карда буд, вале дертар мавқеи худро тағйир дода, гуфт, феълан наметавонанд амнияти президентро дар Конгресс таъмин кунанд. Раиси Палатаи намояндагон дар номаи ахираш гуфт, президент ба иллати идома ёфтани "шатдаун" наметавонад паёми худро пахш кунад.
Пелосӣ дар номааш гуфтааст, то кори муассисаҳои федеролии давлатӣ аз сар гирифта нашавад, қатъномаеро, ки ба президент иҷозат медиҳад, паёмашро дар бораи вазъи кишвар ироа кунад, баррасӣ нахоҳад кард. Ӯ пешниҳод кард, ки санаи нави ироаи паёмро баъд аз ба кор баргаштани хидматчиёни давлатӣ муайян кунанд.
Трамп дар посух гуфт, "имкони алтернативӣ"-ро дар робита ба ироаи паём пайдо хоҳад кард. Ӯ ҷузъиёти бештареро дар ин замина ифшо накард, вале дертар, шаб навишт, ки билохира пас аз ба кор баргаштани хидматчиёни давлатӣ паёмашро ироа мекунад. Ӯ тасмими раиси Палатаи намояндагонро "шармовар" номид.
Номаи раиси палатаи поёнии Конгресс барои маъмурияти Трамп ғайриинтизор набуд. Кохи сафед рӯзҳои ахир гузинаи эҳтиётии ироаи паёми президентро баррасӣ мекард. Чунин гузина метавонад суханронии президент дар берун аз Вашингтон бошад.