Ссылки доступа

Як сарбози Горди миллии Қазоқистон худро парондааст


Фармондеҳии минтақавии "Оңтүстік"- Горди миллии Қазоқистон хабар дод, ки яке аз сарбозони ин ниҳод худро парондааст. Ҳодиса шаби сешанбе ба чаҳоршанбе дар қисми низомии 28237, воқеъ дар наздикии деҳаи Узинагаши вилояти Алмато рух додааст.

"21 январ, тақрибан соатҳои 01:35 дақиқа сарбози қаторӣ Уласбек Кожан ҳангоми иҷрои вазифаи посбонӣ худро парондааст. Дар натиҷаи сахт захмӣ шудани сараш ӯ ба ҳалокат расид", - омадааст дар иттилоияи расмӣ. Ҷузъиёти ҳодиса шарҳ дода намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки Кожан моҳи июни соли 2018 ба сарбозӣ рафтааст.

Хадамоти матбуотии фармондеҳии минтақавии Қазоқистон афзудааст, ки Идораи тафтишоти низомии Алмато дар робита ба ин ҳодиса санҷиши дохилиро оғоз кардааст. "Таҳқиқи сабабҳои ҳодиса идома дорад", - қайд шудааст дар иттилоия.

XS
SM
MD
LG