Мақомот онро тасмими ихтиёрӣ медонанд. Вале омӯзгорону табибон мегӯянд, ки аз онҳо напурсида, маошашонро "буридаанд".
Як табиби Маркази саломатии Шаҳритус бо шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 23-юми январ гуфт, маоши якрӯзаи онҳо дар моҳи январ ба ҳисоби бонкии ҳизби ҳоким дар ноҳия гузаронда мешавад. Ӯ гуфт, моҳонааш 400 сомонӣ ва маоши якрӯзааш 20 сомонист.
“Моро ҷамъ карда гуфтанд, ки маоши якрӯза барои сохтмони бинои ҳизб мегузарад. Чӣ кор кунем, аз мо вобаста нест. Умуман намепурсанд, ки розӣ ҳастед ё не. Гузашта аз ин, маоши моҳи декабрро ҳанӯз пурра нагирифтаем", - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ба иттилои пизишки Маркази саломатии Шаҳритус, соли гузашта дастикам ду дафъа маоши якрӯзаи ӯ ва ҳамкоронаш барои "корҳои ободӣ" гирифта шуд. Ин "ҳақпулӣ” барои таҷдиди боғи "Дӯстии халқҳо" дар шаҳри Душанбе сарф шудааст.
Омӯзгорону табибон дар ҳоле ин шикоятро мекунанд, ки мақомот мегӯянд, касеро барои додани як миқдор маош маҷбур накардаанд ва ин ҳама "ҳақпулӣ" ихтиёрӣ сурат мегирад. Зуҳуршо Пирназаров, масъули Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус рӯзи 23-юми январ гуфт, "вақте бар ивази маоши якрӯзаи кормандон як ҷой обод мешавад, бад нест".
Масъулони Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ноҳияи Шаҳритус низ таъкид карданд. ки худи кормандон "якдилона розӣ шудаанд, то маоши онҳо барои бунёди бинои ҳизб сарф шавад."
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ҷамъоварии маблағи кормандони давлатӣ барои як ҳизби сиёсӣ бо қонунҳои кишвар муғойират дорад. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик, гуфт, қонунгузории Тоҷикистон иҷоза намедиҳад, ки барои кори як ҳизби сиёсӣ маҷбурӣ маблағ ҷамъоварӣ шавад. Ба қавли Бобоназарова, ҳамаи чизҳои марбут ба ҳизб бояд танҳо аз пули аъзои ҳизб ва онҳое, ки ихтиёрӣ метавонанд маблағгузорӣ кунанд, анҷом шавад.
Маблағи умумии сохтмони бинои ҳизби халқӣ-демократӣ дар ноҳияи Шаҳритус маълум нест. Масъулони ҳизб фақат мегӯянд, ки бино дутабақа буда, пойдевораш омода шудааст.