Ссылки доступа

Тоҷикистону Ӯзбекистон ба баҳсҳои марзӣ нуқта мегузоранд


Гуруҳҳои кории Ӯзбекистону Тоҷикистон тасмим доранд, то санаи 27 январ аломатгузории марзи ду кишварро ба анҷом расонанд. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд.

Ҳайати ҳукуматии Тошканд имрӯзҳо дар Душанбе қарор дорад.

Дар гузашта Тоҷикистону Ӯзбекистон марзи ду тарафро комилан мушаххас карда буданд. Ҳамакнун ду тараф дар харита хатти дақиқи марзиро муайян мекунанд.

Созишномаи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди қитъаҳои алоҳидаи марзӣ дар ҷараёни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар таърихи 9-10 марти соли 2018 имзо шуда буд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332 километр марзи муштарак доранд.

XS
SM
MD
LG