Ссылки доступа

Додгоҳи Москва 11 муҳоҷири қирғизу ӯзбекро бо ҷурми терроризм аз 6 то 18 сол зиндонӣ кард


Додгоҳи низомии шаҳри Москва 23 январ 11 шаҳрванди Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҷурми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ маҳкум ба зиндон кард. Дар ин бора нашрияи "Московская газета" бо такя ба як манбаи худ иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, тафтишот муайян кардааст, ки айбдоршавандаҳо ба гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" пайваста, мехостанд, дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург бо истифода аз силоҳ ва маводи таркандаи худсохт амали террористӣ анҷом диҳанд.

Додгоҳ ин шаҳрвандони Қирғизистону Ӯзбекистонро аз 6 то 18-солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.

XS
SM
MD
LG