Ссылки доступа

Пулиси Чимкент: аз бозорҳо "адабиёти мамнуъ" мусодира шуд


Пулиси Чимкенти Қазоқистон 24 январ хабар дод, ки шумори зиёди адабиёти динӣ аз бозорҳои шаҳр барчида шудааст.

Рӯзи панҷшанбе бархе аз бозорҳои шаҳри Чимкент чанд соат баста буданд. Рейдҳои пулис дар бозорҳои Shymkent Tulpar ва "Нипа" баргузор шуданд.

Пулис мегӯяд, миёни китобҳои мусодирашуда адабиёти марбут ба ҷараёни "Сафалия" ҳам ҳаст.

Ба иттилои мақомот, адабиёти мамнуи "Салафия"-ро миёни сокинон пайравони ин ҷараён паҳн мекунад.

Дар Қазоқистон сокинон асосан аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG