Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон 100-ҳазор сӯмӣ мумкин аст, нашр нашавад


Дар Ӯзбекистон ду дастгоҳи нашри асъори миллӣ шикастааст.

Як манбаи огоҳ гуфт, дастгоҳҳо ба далели қатъи пайвастаи нерӯи барқ шикастаанд.

Аммо як манбаи дигар аз мақомоти Ӯзбекистон гуфт, шикастани дастгоҳҳо овозае беш нест.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки дар Ӯзбекистон то ҷашни "Наврӯз" пулҳои 100-ҳазор сӯмӣ вориди муомилот мешаванд. Порлумони ин кишвар намуна ва нақши пулҳои навро қабул карда буд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳар кадом дастгоҳи нашри асъори миллии Ӯзбекистон, ки ҳамакнун шикаста шудаанд, 3 миллион евро арзиш дорад. Таъмири ин дастгоҳҳо тақбиран ҳамин қадар харҷ дорад, гуфт манбаъ.

XS
SM
MD
LG