Ба огаҳии кумита, соҳибкорон пас аз дарёфти паёмак дар бораи аз андоз озод шудани бунёдкунандагони ҳоҷатхонаҳои умумӣ 50 ҳоҷатхона сохтанд. Ҷамъан дар соли 2018 ҳудуди 500 ҳоҷатхона бунёд шудааст.
Бар асоси қарори ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи рушди сайёҳӣ, соли 2018 ба соҳибкороне, ки ҳоҷатхонаҳои умумӣ сохтанд, аз нигоҳи андоз имтиёзҳои зиёд дода шудааст.
Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон моҳи сентябри соли гузашта бо ирсоли паёмакҳо шаҳрвандони ин кишварро аз имтиёзҳои мазкур огаҳ кард, ки онро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва блогнависони ӯзбек ба масхара кашиданд.
Кумита ҳамчунин гуфт, моҳи октябри соли 2018 барномаи мобилии UzFinder-ро роҳандозӣ мекунад, ки ба сайёҳон дар пайдо кардани наздиктарин ҳоҷатхона кумак мерасонд. Ин барнома ҳамчунин ба ҷаҳонгардон наздиктарин фурӯшгоҳи ғизо, меҳмонсаро ва ҷойҳои дигарро нишон медиҳад. Вале то ҳол роҳандозӣ гаштани он эълом нашудааст.
Бино ба омори расмӣ, соли 2018 аз Ӯзбекистон 5 миллион сайёҳ боздид кардааст, ки назар ба соли 2017 ду баробар бештар аст.