Дар вазорат 26 январ гуфтанд, интизор меравад, моҳи марти имсол намунаи ниҳоии либоси милисаҳоро президент Эмомалӣ Раҳмон интихоб кунад. Ҳоло намунаи либоси милисаҳоро ошкор намекунанд.
Либоси кормандони мақомоти қудратӣ асосан аз ҳисоби будҷаи давлат харида мешавад. Аммо, афсарони баландрутба, аз ҷумла генералҳо либоси ҳарбии худро инфиродӣ ба дӯзандагони моҳир фармоиш медиҳанд.
Як соҳибкори тоҷик аз вилояти Суғд гуфт, коргоҳи ӯ барои низомиёни баландрутба, аз ҷумла генералҳо, танҳо сарпӯш ё "фуражка" тайёр мекунад. Ин соҳибкор, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, онҳо бештар барои низомиёни қаторӣ ва афсарон либос медӯзанд. "Аммо генералҳо барои худ дар ширкатҳои дӯзандагии хориҷӣ либос фармоиш медиҳанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ҷустуҷӯҳои мо дар робита ба ин мавзӯъ, нишон дод, ки генералҳои тоҷик бештар ба тарроҳону дӯзандагони Русия, Қазоқистон ва Беларус барои худ либоси низомӣ фармоиш медиҳанд.
Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, генералҳо ба камияш чаҳор ҷуфт либоси расмии низомӣ доранд. Аз ҷумла, либоси рӯзмарра, либос барои роҳпаймоии ҳарбӣ ва либоси идона, ки аз болопӯши хокистарранги рӯшан ва шими монанд ба мавҷи баҳр иборат будааст. Дар пайи ҷустуҷӯ, ширкати дӯзандагиеро бо номи "Лили ким" дар шаҳри Москва низ пайдо кардем, ки бисёре аз генералҳои тоҷик дар он ҷо барои худ либос фармоиш медодаанд.
Олег Петров, раиси ширкат, ки шахсан барои дӯхтани либос аз генералҳо андоза мегирад, гуфт, барои таҳияи пурраи либосҳо ӯ ва кормандонашро зарур меояд дастикам ду дафъа ба Душанбе сафар кунанд.
"Вақте генерале барои таҳияи либос фармоиш медиҳад, билети ҳавопайморо низ мехарад, то мо ба Душанбе равем. Андозаи либоси генералро мегираму бармегардам. Дар ин ҷо пораҳои либос, тана, остинҳоро тайёр мекунем ва устои асосии мо боз ба Душанбе рафта, дар бадани соҳибаш онро чен мекунад. Пас аз ин, либосро дар Москва дӯхта, дар шакли тайёр ба соҳибаш мефиристем", - шарҳ дод ӯ.
Петров мегӯяд, муштариёни асосии онҳо генералҳо ҳастанд ва афзуд, нархи либоси рӯзмарраи генералӣ аз 100 ҳазор рублӣ русӣ (тақрибан 1500 доллар) оғоз шуда, метавонад то ба 250 ҳазор рубл ҳам бирасад.
Аммо харҷи либоси генералӣ танҳо бо ин анҷом намеёбад ва фармоишгар хароҷоти билети рафту бозгашти хайётонро аз Москва ба Душанбе, пули сафари хидматӣ ва меҳмонхонаро низ бояд аз ҷайби худ бидиҳад. Бо назардошти ин ҳама хароҷот, як гардероби генералӣ метавонад ҳазорҳо доллар харҷ дошта бошад.
Олег Петров гуфт, матоъ ва риштаҳое, ки бо он либоси генералӣ дӯхта мешаванд, одӣ нестанд. "Гуле, ки дар остин ва гиребони генералҳо дӯхта шудааст, то 3 дар сад тило дорад", - афзуд ӯ.