Ссылки доступа

Қирғизистон маҳдудияти мизони қарзи давлатиро то 70%-и МТД боло бурданист


Ҳукумати Қирғизистон пешниҳод дорад, маҳдудияти қарзи давлатӣ то ба 70%-и Маҷмуи тавлидоти дохилӣ (МТД)-и ин кишвар афзоиш дода шавад. Кумитаи умури буҷа ва молияи порлумони Қирғизистон 28 январ тағйири дахлдорро ба Кодекси буҷа қабул кард. Дар ин бора сомонаи порлумон хабар додааст.

Вазири молияи Қирғизистон Бактигул Жээнбоева мегӯяд, бар пояи Созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ҳаҷми касри буҷа аз 3%-и МТД ва қарзи давлатӣ аз 70%-и МТД набояд баланд бошад.

Ӯ дар посух ба суоли вакилон гуфт, 70% дар ҳоли ҳозир нишондиҳандаи "беҳтарин" аст.

Ба назари ташаббускорон, густариши марзи қарзи давлатӣ қонунҳои марбут ба буҷаро такмил ва ба меъёрҳои байналмилалӣ наздик мекунад.

Қарзи давлатии Қирғизистон то 30 ноябри соли 2018 ба 4 миллиарду 477 миллион доллар расида буд, ки ҳудуди 58%-и МТД-ро ташкил медиҳад. Аз ин миён 85,7% қарзи хориҷӣ ва 14,3% қарзи дохилӣ аст.

Қирғизистон аз ҳама бештар - 1,7 миллиард доллар аз Бонки содироту воридоти Чин қарздор аст.

Ҳукумати Қирғизистон моҳи марти соли гузашта қарор кард, ки қарзи ин кишвар дар назди як вомдиҳанда набояд аз марзи 50%-и ҳаҷми умумии қарзҳои давлатӣ фаротар равад.

XS
SM
MD
LG