Ссылки доступа

Қочоқбарон мехостанд, беш аз $3,5 млн-ро аз Ӯзбекистон ба Қирғизистон интиқол диҳанд


Кормандони Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон аз қочоқи асъори хориҷӣ ба Қирғизистон дар ҳаҷми бештар аз 3,5 миллион доллар пешгирӣ карданд.

Дар шоҳроҳи Фарғона - Вуадили Боло аз дохили мошини навъи "Нексия" ва дар идома аз манзили шаҳрванд А.Д. дар маҷмуъ 1,7 миллион доллар пайдо шудааст.

Ба ҷуз ин, як ҳолати дигари қочоқи асъори хориҷӣ аз мошини сокини 56-солаи Қирғизистон ошкор шуд. Аз мошини ин сокини Қирғизистон ҳам 1,7 миллион доллар пайдо гардид. Мақомот мегӯянд, ин маблағҳоро мехостанд бо роҳи қочоқ аз Ӯзбекистон ба Қирғизистон баранд.

Дар ҳоли ҳозир парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG