Ссылки доступа

Мухолифи омадани чиниҳоро дар Бишкек 2 моҳ ҳабс карданд


Иштирокчии эътирози зидди муҳоҷирони чинӣ Гулҷамол Сапаралиева то 2 моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Қарори ҳабси вай ҳанӯз 25 январ аз сӯи додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек содир шуда буд. Дар ин бора ташкилкунандаи эътироз Амонбол Бобоқулов хабар дод.

Сапаралиева дар барангехтани адовати қавмӣ, миллӣ ва байналхалқӣ айбдор мешавад. Амонбол Бобоқулов 28 январ ба ҳайси шоҳид ба бозпурсӣ даъват шуда буд.

Эътироз зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Чин 17 январ дар майдони "Ало-Тоо"-и шаҳри Бишкек барпо шуда буд. Барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ 21 ширкатдори эътироз боздошт шуданд. Ҳамаи онҳо 45-долларӣ ҷарима доданд.

XS
SM
MD
LG