Ссылки доступа

Бинокорони Tashkent City мегӯянд, ғуломвор кор мекунанд


Беш аз ҳазор корманди яке аз бузургтарин ширкатҳои бинокори Ӯзбекистон - Discover Invest, ки пудратчии асосии калонтарин тарҳи ин кишвар – Tashkent City шумурда мешавад, дар як рӯз 12 соат ва дар ҳафта 7 рӯз кор мекунанд.

Бино ба иттилои намояндаи Discover Invest, ин корхона ба ширкати Akfa Group тааллуқ дорад, ки соҳиби 70%-и саҳмияи он шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев аст.

Ба гуфтаи кормандони Discover Invest, беш аз сад бинокори ширкат 27 январ пас аз он ки раҳбарият 10 нафарро ба далели истироҳати панҷдақиқаӣ аз кор ронд, маҷбур шуданд, корро тарк кунанд. Ин гуруҳи кормандони Discover Invest, ки аз вилоятҳои Ҷизах, Сурхондарё ва Қашқадарё барои кор ба Тошканд рафтаанд, мегӯянд, дар эътироз ба барканории ноодилонаи даҳ ҳамкорашон фаъолиятро қатъ карданд.

"Тайи се моҳи ахир дар ҳавои сард монанди саг бе истироҳат кор мекунем. Ахиран чанд ҳамкори мо аз кор хаста шуда, хостанд, 5 дақиқа истироҳат кунанд. Вале раҳбарони гуруҳҳо онҳоро акс гирифта, аз кор ронданд. Субҳи якшанбе ҳамаи кормандони боқӣ дар назди бинои хобгоҳ ҷамъ шуда, бо ҷонибдорӣ аз барканоршудаҳо гуфтанд, ки корро бас мекунанд. Пас аз корпартоии 300 бинокор раҳбарони гуруҳ маҷбур шуданд узр пурсанд ва барканоршудаҳоро дубора ба ҷои корашон барқарор кунанд. Бинокорон 28 январ корро аз сар гирифтанд", – гуфт яке аз бинокорони Discover Invest.

"Дар мо се навъи коргарон ҳастанд. Усто, ёвари усто ва корманди одӣ. Устоҳо дар моҳ 2,5 миллион сӯм (ҳудуди 300 доллар), ёвари усто 2 миллион сӯм (230 доллар) ва корманди одӣ 1,4 миллион сӯм (160 доллар) маош мегиранд. Дар санаи якуми моҳ маошро медиҳанд. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки пас аз пардохти маош "нозирон"-и мо аз вилоят ба маҳалли кор ҳозир шуда, аз устоҳо ва ёварони онҳо 200-ҳазорсӯмӣ меситонанд. Ин як навъи "сипосгузорӣ" барои пайдо кардани ҷои кор ба мо дар пойтахт аст. Агар устое норозигӣ кунад, ӯро то ба сатҳи корманди қаторӣ поин бурда, баъзан аз кор низ меронанд", - изҳор дошт як бинокори ҷавони Discover Invest.

Манобеъ дар Кумитаи идораи амволи давлатӣ ва мақомоти адлияи Ӯзбекистон мегӯянд, ҳоло дигар ҳама медонанд, ки молики воқеии ширкати Akfa Group Ортиқхоҷаев аст.

Бар пояи қонунгузории Ӯзбекистон, коргарон дар ҳар шаш рӯзи кории ҳафта бояд аз 7 соат зиёд кор накунанд.

XS
SM
MD
LG