Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти адлияи Ӯзбекистон, Шарифхоҷаеви 52-сола дар анҷоми як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла "сӯистифода аз мақом, ташкили гуруҳи ҷиноӣ, шиканҷа ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани афроди бегуноҳ" айбдор мешавад.
Ёдрас мешавем, сардори хадамоти таъмини амнияти ҳайати шахсии СНБ Ӯзбекистон Шарифхоҷаев 30 марти соли гузашта дар асоси баёноти сардори пешини Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои молӣ, андоз ва пулшӯии ноҳияи Чилонзори ин кишвар Зиёдулло Иногамов боздошт шуд.
Он рӯз манзили зисти ӯ дар ноҳияи Мирзоулуғбеки шаҳри Тошканд ва хонаи ҳамсари пешинаш дар маҳаллаи "Бешагач" кофтукоб шуданд. Тайи чаҳор соли ахир ин бори дувум буд, ки Шарифхоҷаевро дастгир карданд.
Баҳори соли 2015 зидди ӯ бо ҷурми фасодкорӣ ва азхудкунии пулҳои буҷаи давлат парванда боз шуда буд. Манобеъ он замон хабар доданд, ки генералро боздошт карданд. Вале ӯ чи гуна озод шуд, маълум нест.
Ба гуфтаи манобеъ, генерал Шарифхоҷаев ва бародари хурдиаш полковники амният Ҷавдат Шарифхоҷаев "маъракаи роҳандозишуда" зидди духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримоваро раҳбарӣ мекарданд. Каримова моҳи декабри соли 2013 дар суҳбат бо нашрияи туркии "Ҳуррият" гуфт, бародарон Шарифхоҷаевҳо дар фасодкорӣ даст доранд.
Дертар Каримова бо нашрияи швейтсарии Bilan дар бораи фасодкории Ҳаёт Шарифхоҷаев муфассалтар суҳбат кард. Шарифхоҷаев он замон муовини раиси СНБ Ӯзбекистон Рустам Иноятов буд.