Ссылки доступа

Ба донишҷӯёни туркман истифодаи телефону интернет дар айёми таътил манъ шуд


Дар Туркманистон ба донишҷӯён дастур шудааст, ки дар таътили зимистонӣ аз телефони мобиливу интернет истифода набаранд ва ба тӯю ҷашнҳои дигар нараванд. Ҳамчунин онҳо бояд маҳалли зисти худро тарк накунанд.

Дар ин бора чандин донишҷӯи туркман, аз ҷумла донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Туркманистон, Донишкадаи кишоварзии Дашоғуз ва Донишкадаи омӯзгории Лебап ба хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ доданд.

"Аз донишҷӯён 25 январ баёнот гирифтанд. Ҳамчунин пеш аз ҷавоб додани донишҷӯён бо онҳо мулоқот карданд. Раҳбарияти донишгоҳ таъкид кардааст, ки дар рӯзҳои таътил бо телефон суҳбат накунанд ва ба тӯю хонаи дӯстонашон нараванд", - гуфт хабарнигор 28 январ.

Чанд рӯз пеш хабарнигори дигари радио иттилоъ дода буд, ки ба донишҷӯёни туркман амр шудааст, дар рӯзҳои таътили зимистонӣ ба хонаҳои худ танҳо бо ҳавопаймо, қатора ва автобус бираванд. Донишҷӯён вазифадор шудаанд, ки баъди баргашт нусхаи чиптаҳоро ба садорати факултаҳо пешниҳод кунанд.

XS
SM
MD
LG