Ссылки доступа

Димаш Кудайберген дар робита ба вазъи қазоқтаборони Чин мавзеъгирӣ кард (видео)


Овозхони қазоқистонӣ Димаш Кудайберген дар робита ба вазъи қазоқтаборони минтақаи Шинҷони Чин изҳори назар кард.

Дар як нишасти хабарӣ Кудайберген гуфт, на дипломат асту на сиёсатмадор, аммо сарнавишти ҳамқавмонаш ӯро бетараф намегузорад.

"Ман ҳам нигаронам ва мехоҳам, ин масъала ба зудӣ ҳал шавад. Вале ман сиёсатмадор нестам, танҳо овозхонам", - гуфт вай.

Овозхони шинохтаи қазоқистонӣ рӯзи 29 январ дар шаҳри Остона нишасти матбуотӣ баргузор кард.

Димаш Кудайбергени 24-сола баъди он ки дар озмуни мусиқии Чин "I am a Singer" ширкат ва мақоми дувумро соҳиб шуд, маъруф гардид.

Моҳи август комисияи ҳуқуқи инсони СММ хабар дод, дар "урдугоҳҳои бозтарбия"-и Шинҷони Чин бештар аз 1 миллион намояндаи ақалиятҳои миллӣ, ки бештарашон мусалмон ҳастанд, иҷборан нигаҳ дошта мешаванд. Чин ин иттилоъро рад кард. Дар Шинҷон бештар аз як миллион қазоқ зиндагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG