Марди ҳалокшуда Толмас Эрназаров сокини 47-солаи ноҳияи Яккаободи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон буда, дар Бекобод кор мекард ва он рӯз роҳрави боғчаеро дар ҳамсоягии дегхонаи мактаб таъмир дошт.
Ҳамдеҳаи ӯ Баҳром Расулов дар натиҷаи таркиш захмӣ шуда, ҳоло дар беморхонаи Бекобод бистарист. "Мо 10 метр дуртар аз дегхонаи мактаб роҳрави боғчаро таъмир мекардем. Ҳангоми таркиш пуштам ба тарафи дегхона буд ва ногаҳон зарбаеро ҳис кардам. Вале Толмас захми сахт бардошт. Ӯ дар роҳ ба беморхона ҷон дод. Панҷ фарзандаш бепадар монданд", - изҳор дошт Расулов.
Ба гуфтаи яке аз омӯзгорони мактаби рақами 1, таркиши дегхонаи онҳо 28 январ рух дод. "Ин дегхона мактаби мо ва боғчаҳои атрофро бо гармӣ таъмин мекард. Онро чанде пеш таъмир карда буданд. 28 январ кормандони газ гази дегхонаро қатъ карданд ва дертар бидуни огоҳӣ онро дубора сар доданд. Дар натиҷа таркиш ба амал омад ва ҳоло ҳодисаро додситонӣ тафтиш дорад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Як масъули Додситонии шаҳри Бекобод гуфт, бино ба фарзияи пешакӣ, таркиш дар натиҷаи хуруҷи гази табиӣ ва ҷамъ шудани он дар дохили бино рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми ҳодиса дар дохили дегхона касе набуд.