Дар ин бора ӯ ба оҷонсии ТАСС хабар дод. Рӯзи сешанбе, 29 январ ин варзишгар барои нуҳ моҳ аз ҳақи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки пас аз пирӯз шудан дар мусобиқаи UFC бо Конор Макгрегор аз ринг ба берун ҷаста бо тарафдорони ҳарифаш задухӯрд кардааст.
Ҳамчунин ин варзишгар ба пардохти 500 ҳазор доллар ҷарима вазифадор шуд. Ҳарифи ӯ Макгрегор барои шаш моҳ аз ҳақи ширкат дар муҳорибаҳои бидуни қоида маҳрум шудааст. Мӯҳлати ин маҳрумият аз 6-уми октябри соли 2018 сар мешавад.
Конор Макгрегор низ ба муҳлати 6 моҳ аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шуд. Додгоҳ ӯро 50 ҳазор доллар ҷарима баст. Бародари Ҳабиб - Абубакр ва Зубайр Тухугов, ёвари Ҳабиб низ ба муҳлати як солӣ аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум ва 25 ҳазор доллар ҷарима шудаанд.
Муҳорибаи бидуни қоидаи ду нафар шаби 6-уми октябр дар шаҳри Лас-Вегас дар Амрико сурат гирифт. Рақиби ҷанҷолии ӯ аз Ирландия Конор Макгрегор, ки бо баёниҳои басҳсбарангезаш ном баровардааст, дар даври чаҳоруми рақобат ба фишори сахт ва нафасгиркунандаи Ҳабиб Нурмагомедов, тоб наёвард ва таслим шуд.