Ссылки доступа

Капитани милиса ба иттиҳоми қатли ҳамсараш 19 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Хатлон ба парвандаи пурсарусадои капитани пулиси ноҳияи Вахш, ки дар куштори ҳамсараш гумонбар дониста мешуд, нуқта гузошт.

Дар ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон, ки рӯзи 28-уми январ содир шуд, капитани милиса Набиҷон Аминҷонов, ки ба ҳайси таҳлилгари идораи пулиси ноҳияи Вахш кор мекард, дар куштори ҳамсараш Турсуной Аминова бо истифода аз туфангчаи хизматии тамғаи "Макаров" айбдор эълон шуда, ба мӯҳлати 19 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Дар пайи ин ҳодиса, Аминҷонов аз вазифааш барканор шуд. Маҳкумшуда дар сухани охиринаш гуфтааст, ки гуноҳе надорад ва иттиҳоми куштори ҳамсарашро дар моҳи сентябри соли 2018 рад кардааст. Аминҷонов ҳукми додгоҳро "ноодилона" арзёбӣ кардааст.

Темур Бойзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон ва додраси ин парванда рӯзи 29-уми январ тасдиқ кард, ки капитани милитсия Набиҷон Аминҷонов барои куштори ҳамсар айбдор дониста шуд.

Ӯ гуфт, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳӣ хост, ки Аминҷонов ба 21 соли зиндон маҳкум шавад, вале дар қарори додрас ду сол аз ин ҳукм поин оварда шуд. Бойзода гуфт, ки вакили дифои Аминҷонов ҳақ дорад аз рӯи ин ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят барад. Ҳанӯз маълум нест, ки маҳкумшудаву вакилаш аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мекунанд ё на.

Темур Бойзода гуфт, хулосаи ташхис ин аст, ки тир аз туфангчаи тамғаи “Макаров” шиллик шудааст. Дар ҷараёни тафтишот ду фарзанди Аминҷонов дар ҳузури равоншиносон ва намояндагони тафтишот гуфтаанд, ки шоҳиди саҳнаи моҷарои волидон ва ба сари модар тир кушодани падар шудаанд.

Бойзода гуфт, "писари ноболиғи ҳамин мард мегӯяд, ки падараш модарашро куштааст. Ҳамсоя, ки корманди барқ будааст, садоро шунида омада дидааст, ки корманди пулис дар назди ҷасади ҳамсараш будааст".

Дар ҷараёни тафтишот ва ҳам сухани охираш дар мурофиаи додгоҳӣ Набиҷон Аминҷонов гуфтааст, ки дар ҳодисаи шоми 8 сентябр гӯё ӯ туфангчаро ба дасти ҳамсараш дода, гуфтааст, ки ба сари замин меравад, вале вақте садои тирро шунидааст, омада ҷасади ҳамсарашро пайдо кардааст.

Мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки фарзандони ноболиғи ин корманди собиқи милиса дар назди равоншиносон гуфтаанд, ки модарашонро падарашон паррондааст ва онҳо ин саҳнаро дидаанд. Ба қавли мақомот, ба хотири осеб нарасонидан ба равони кӯдакони ноболиғи Аминҷонов, ширкати кӯдакон дар мурофиаи додгоҳӣ иҷоза нашуд.

Як мақоми додгоҳ гуфт, ки ба хотири ҳимояти кӯдакон исму синну соли онҳоро зикр намекунад, танҳо гуфта мешавад, ки онҳо ноболиғ ҳастанд. Писари калонии ин Аминҷонов дар синфи панҷум мехонад.

XS
SM
MD
LG