Tranparency International мегӯяд, пажӯҳишҳо дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ нишон доданд, ки коррупсия дар ин минтақаҳо дар бахши давлатӣ дар ҳоли шукуфоист.
"Ба далели ин ки ҳар кадом кишвари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аз 100 хол ҳамагӣ то 45 холӣ соҳиб шуданд, комёбии мубориза бо фасод қобили аҳамият нагардидааст", - менависанд муаллифони гузориши созмони Tranparency International.
Туркманистон миёни кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо касби мақоми 161 бадтарин кишвар унвон шуд. Баъд аз Туркманистон Ӯзбекистон қарор дорад, ки ин кишвар мақоми 158-ро касб кардааст.
Туркманистон бо гузашти ҳар сол дар рӯйхати кишварҳои фасодзадатарин ҷой мегирад. Ин дар ҳолест, ки роҳбарияти он кишвар мубориза бо фасодро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумат унвон кардааст.