Ссылки доступа

Дар ИМА беш аз ҳазор парвози дохилӣ ба далели сардии ҳаво бекор карда шуд


Ҳавошиносони ИМА аз ҳавои сарди ғайриодӣ ҳушдор медиҳанд. Эҳтимоли то 53 дараҷа сард шудани ҳаво дар баъзе аз минтақаҳои ин кишвар мавҷуд аст. Бино ба хабарҳо, то ҳол шаш кас ҷон додааст.

Сабабаи поинравии ҳарорати ҳаво шамоли сарде гуфта мешавад, ки аз Қутби шимол меояд.

Дар аёлатҳое, ки ҳаво аз ҳад зиёд сард аст, 55 миллион одам зиндагӣ мекунанд ва бештари манзилҳои онҳо ба ин гуна ҳаво мувофиқ нест.

Дар аёлатҳои Ғарби Миёна -- Висконсин, Мичиган, Иллинойс ва аёлатҳои ҷанубӣ -- Алабам ва Миссисипӣ ҳолати изтирорӣ эълом шуда ва ҳамчунин бориши барфи сахт пешгӯӣ мешавад.

Парвозҳо дар беш аз ҳазор масири дохилии ИМА бекор карда шуданд. Дар баъзе аз шаҳрҳо барои афроди бехона нуқтаҳои гармшавӣ ташкил кардаанд.

XS
SM
MD
LG