Ссылки доступа

Беш аз ҳафт ҳазор гектар замини ноҳияҳои Ҳисору Рӯдакӣ ба ҳисоби Душанбе гузашт


Беш аз ҳафт ҳазор гектар замини ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор, ки аз деҳаву ҷамоатҳо иборат аст, ба қаламрави Душанбе ҳамроҳ карда шуд. Пештар масоҳати шаҳри Душанбе ҳудуди 13 ҳазор гектар ҳисоб шуда буд.

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон 29 январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, "замини ҷамоатҳои Чоряккорон, Чортеппа, Сарикиштӣ, Чимтеппа, Навобод, Гулистон ва "Россия"-и ноҳияи Рӯдакӣ ва Ҳисор ба ҳудуди шаҳри Душанбе пайваст карда шуданд".

Аҳмадзода афзуд, дар ин заминҳо асосан корхонаҳои саноатӣ сохта мешаванд. "Дар минтақаҳое, ки аҳолинишин ҳастанд, маҳаллаҳои нави маскунӣ бунёд мешавад. Дар ҳар сурат, ҳамаи хадамоти шаҳрӣ, назири мактабу бемористонҳо, роҳҳо ва хадамоти маишӣ дар ин маҳаллаҳо сохта мешаванд", - гуфт ӯ.

Ҷамшед Аҳмадзода аз эълони омори дақиқи сокиноне, ки ҳамакнун мақоми сокини пойтахти кишварро ба худ касб мекунанд, худдорӣ кард, вале гуфт, "даҳҳо ҳазор нафар аз имтиёзҳои сокини шаҳри Душанбе бархӯрдор хоҳанд шуд". Вай афзуд, раванди пурраи пайвастшавии ин минтақаҳо ба шаҳри Душанбе то соли 2021 идома хоҳад кард.

Аммо на ҳамаи мақомоти тоҷик аз пайвастани минтақаҳои нав ба ҳудуди шаҳри Душанбе хушбин ҳастанд. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон ду рӯз пеш дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳамакнун роҳбарияти Душанберо зарур аст чанд мушкилро дар ин замина ҳал кунад.

Вай гуфт, дар Душанбе нигоҳубини чорво манъ аст, вале дар ҳар як ҳавлии сокинони ин ҷамоатҳо чанд гову гӯсфанд парвариш мешавад ва ин масъалаест, ки шаҳрдорӣ бояд ҳарчи зуд дар марвиди он чора андешад.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, тибқи меъёрҳо барои бунёди ҳавлӣ ба сокинони рустоӣ 12 сотих замин ҷудо мешавад, аммо дар шаҳр ин меъёр баробари 6 сотих аст. "Ба ин далел, шаҳрдории Душанберо зарур аст дар ин замина низ тасмиме гирифта, баробарҳуқуқии ҳамаи сокинони пойтахтро таъмин намояд", - афзуд Рустами Шоҳмурод.

XS
SM
MD
LG