Ссылки доступа

Шаш сол дар асорати модар. Дар Алмато модареро барои таҳқири духтараш ба додгоҳ кашиданд


Дар додгоҳи Алмато парвандаи духтари 14-солае бо номи Диана баррасӣ мешавад, ки модараш ӯро озор медод ва давоми шаш соли охир намегузошт аз хона берун равад.

Зан ба наздиконаш гуфтааст, ки духтараш дар Русия аст. Аммо ҳамаи ин солҳо духтар дар манзил бо модараш буд ва ҳангоми омадани меҳмонҳо модар ӯро дар ҷевон пинҳон мекард. Ҳамакнун модарро то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Духтарро аз модар ҷудо ва дар ихтиёри дугона модар доданд. Диана дар ҳоли ҳозир ӯро модар мехонад.

Дианаро натанҳо модар, балки модарбузургаш ҳам латту кӯб мекард. Соли 2011 модарбузургро маҳз барои озор додани набера ба Русия ихроҷ карданд.

XS
SM
MD
LG