Ссылки доступа

Хадамот: "Фароз" нархи маълумотномаи тиббиро бо мо мувофиқа накард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 30-уми январи соли 2019. Роҳи Душанбе-Бохтар пулакӣ мешавад. Донишҷӯёнро дигар дар маршировкаҳо истифода намебаранд. Афсари собиқи ОМОН кумак мехоҳад. Соли рушди деҳот чӣ гуна амалӣ мешавад? (видео)

- Зиндагӣ дар деҳа мисли шаҳр мешавад? Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, азм доранд, то камтар аз 10 соли дигар бо харҷи тақрибан 120 миллиард доллар деҳоту маҳаллаҳоро мисли "шаҳр" кунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳадаф беҳбуд бахшидан ба зиндагии миллионҳо нафар ва ё 70 дар сад аз аҳолии Тоҷикистон аст, ки бо маҳрумиятҳои зиёде дар деҳот зиндагӣ мекунанд. (видео)

- Истад Қурбонова: "Бояд ҳақ ба ҳақдор бирасад". Қасди худсӯзии як зани 70-сола дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Айнии вилояти Суғд боис ба барканории се маъмури милиса шудааст (видео)

- Хадамот: "Фароз" нархи маълумотномаи тиббиро бо мо мувофиқа накард. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бори аввал дар мавриди нархи "Маълумотномаи тиббии рақами 26", ки аз тарафи Ташхисгоҳҳои тиббии ширкати “Фароз” дода мешавад, изҳори назар кард (видео)

- Вазорат гуфт, бе иҷоза ба "маршировка" наравед. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо судури як қарор ба ректорони ҳамаи донишгоҳҳо ва мактабҳои олии кишвар дастур додааст, ки минбаъд бидуни иҷозаи вазорат донишҷӯёнро ба чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва cиёсӣ ҷалб накунанд (видео)

- 150 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурияву Ироқ баргардондаанд. Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 29-уми январ дар бораи кори яксолаи ин ниҳод суҳбат кард ва гуфт, мақомот то соли 2018 150 зану кудаки тоҷикро аз манотиқи ҷангзадаи Ховари Миёна баргардондаанд (видео)

- "Дадам кай меояд?". Нилуфар дар интизори падари бенишон (видео)

- Осиё: шаш сол дар асорати модар. Модари қазоқ шаш сол духтарчаи худро озор дода, намегузошт, аз хона берун шавад. Боре кӯдак маҷбур шуд, аз тиреза худро ба кӯча партояд. Назарбоев вазиронро "тарсӯ" номида, дастур дод, ки бонкҳои хусусиро сармоягузорӣ кунанд. Вазъи риқатбори ягона мошине, ки дар Бишкек ба бехонаҳо ғизои гарм мекашонад. (видеои Настоящее время)

- Дар Алмато модарро барои озори духтари ноболиғаш суд мекунанд.(видео аз Директ)

- Муҳоҷири ӯзбек аз президент хост, интиқоли ҷасади ҳамватанонаш ба Ӯзбекистон ройгон шавад. (видеои Настоящее время)

- «Сирри қудрат». Суҳбати ошкорои Элвира Сураболдиева. Вакили порлумони Қирғизистон Элвира Сураболдиева дар барномаи «Сирри қудрат» гуфт, ки чи гуна ӯро 24 марти соли 2015 латтукӯб карданд ва кӣ падари ӯро кӯшта мехост, тиҷораташро соҳиб шавад. Ҳамчунин ҷузъиёти суҳбати худ бо Боқиевҳоро низ ифшо кард (видео аз Директ)

- Гузориши иктишофи миллии ИМА дар бораи таҳдидҳои амниятӣ. (видеои Настоящее время)

- Чӣ гуна ва барои чӣ Рауф Аракушовро дастгир карданд. Намояндаи Ҷумҳурии Карачаево-Черкесия дар Маҷлиси федеролии Русия Рауф Арашуков 30 январ дар ҷаласаи порлумон боздошт шуд. Додситони кули Русия Юрий Чайка дар ҷаласа айбномаи ӯро қироат кард. Аракушов дар толори маҷлис боздошт намуданд (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG