Ссылки доступа

Барканории се афсари милиса барои қасди худсӯзии пиразан


Истад Қурбонова
Истад Қурбонова

Қасди худсӯзии як зани 70-сола дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Айнии вилояти Суғд боис ба барканории се маъмури милиса шудааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми январ гуфт, нисбат ба се корманди боздоштгоҳи муваққатӣ ё ИВС-и Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Айнӣ низ санҷиш оғоз ёфт. Санҷишро Додситонии ноҳияи Айнӣ пеш мебарад.

Сухангӯи ВКД мегӯяд, тибқи иттилои онҳо Истад Қурбоноваи ҳафтодсола дар боздоштгоҳи муваққатии пулиси ноҳия талош кардааст, ки худро оташ бизанад. "Идибой Зиёев, Саидалӣ Арбобов ва Абдуқодир Ғаффоров аз кор дар ШКД-и ноҳияи Айнӣ барканор шуда, амалкарди Шариф Мирзошарифов ва ду корманди дигари боздоштгоҳи муваққатӣ мавриди санҷиш қарор дорад", - афзуд ӯ.

Сокини ноҳияи Айнӣ Истад Қурбонова рӯзи 2-юми январи имсол бо гумони худсарона ишғол кардани замин дастгир шуд. Баъди даҳ рӯз ӯро бо бадани сӯхта ба бемористон бурданд.

Шариф Мирзошарифов, корманди боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ рӯзи 17-уми январ иддао карда буд, ки Истад Қурбонова худро бо оби ҷуш сӯзондааст. Вале пизишкони бемористони ноҳияи Айнӣ рӯзи 30-юми январ гуфтанд, ташхис маълум крадааст, ки бадани Истад Қурбонова аз оташ сӯхта, на ин ки аз оби ҷӯш осеб дида.

Ҳаётулло Холназаров, мудири шӯъбаи ҷарроҳии бемористони ноҳияи Айнӣ гуфт, Истад Қурбонова дар ҳоле ба муолиҷа оварда шуд, ки 9-10 дар сади баданаш сӯхта буд. Холназаров гуфт, Қурбонова аз 12 то 25-уми январ дар бемористон табобат гирифт. "Мавзеи пеши гардан, пеши сина, атрофи ноф, зербағалҳо аз ҳарду тараф 9-10 дар сад сӯхта буд", - шарҳ дод ӯ.

Ба қавли табиб, дар ҷараёни муолиҷа маълум шудааст, ки ин зан бемории ишемиявии дил, фишорбаландӣ, диабети қанд ва чурра (грыжа) низ дорад. "Ба Истад Қурбонова тамоми ёрии зарурии тиббӣ расонда шуд ва ба ӯ машварат додем, ки ба Хуҷанд рафта, осори сӯхтагии баданро табобат кунад", - афзуд ӯ.

Мақомот бо зикри ин ки санҷиш шурӯъ шудааст, аз шарҳи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ мекунанд. Худи Истад Қурбонова ва наздиконаш мегӯянд, дар боздоштгоҳ мавриди бадрафтории чанд маъмури милиса қарор гирифтааст ва онҳо бояд муҷозот шаванд.

Вакили мудофеъ Дилбарой Мирзофотирова мегӯяд, баъди кӯшиши худсӯзӣ маъмурони милисаи ноҳияи Айнӣ талош кардаанд, ки Истад Қурбоноваро ба шаҳри Истаравшан (беш аз 100-километрии ноҳияи Айнӣ) бурда, дар боздошт нигоҳ доранд.

Додситонии ноҳияи Айнӣ Истад Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бар асоси даъвои масъулони корхонаи "Сохтмон СТД" ба ҷавобгарӣ кашид. Ин ширкат иддао дорад, ки Қурбонова дар тақрибан 2-3 сотих замини корхона анбору ҳоҷатхона сохта ва онро худсарона аз худ намудааст ва бояд бозпас гирифта шавад.

Рӯзи 2-юми январ бо сабаби ба пурсиш ҳозир нашудани Истад Қурбонова, нисбат ба ӯ чораи ба ҳабс гирифтан татбиқ гардид ва ӯ ба боздоштгоҳи ШКД-и ноҳия оварда шуд.

Беҳрӯз Абдумаҷидзода, муфаттиши Додситонии ноҳияи Айнӣ, рӯзи 17-уми январ гуфта буд, ки "Истад Қурбонова дар қаламрави корхонаи "Сохтмон СТД" худсарона анбору ҳаммом сохтааст ва дар ин маврид ҳеч санад надорад. Ва ӯ барои он дастгир шуд, ки даъвати додситониро барои ҳозир шудан ба пурсиш нодида гирифт."

Аммо Истад Қурбонова гуфт, ҳеч вақт аз тафтишот нагурехтааст. Ӯ гуфт, панҷ фарзанд ва беш аз 20 набера дорад ва ҳамин ҳавлӣ танҳо манзили зисти ин хонаводаи бузург аст.

XS
SM
MD
LG