Ссылки доступа

Раиси сенати Қазоқистон ҷонибдори табдили ном кардани кишвараш нест


Қосим-Жомарт Токаев, раиси сенат ё қабати болоии порлумони Қазоқистон дар робита ба пешниҳоди табдили ном карди Қазоқистон изҳори назар кард.

"Ном бояд Ҷумҳурии Қазоқистон боқӣ монад. Шумори зиёди созишномаҳои байналхалқӣ аз номи Ҷумҳурии Қазоқистон имзо шудаанд. Ҳеч асос ва маъние барои тағйир додани номи кишвар вуҷуд надорад. Мо мушкилиҳои зиёди дигаре дорем", - гуфт Токаев.

Ҳафтаи гузашта вакили порлумони Қазоқистон Озод Перуашев пешинҳод кард, ки Қазоқистон ба Ҷумҳурии Қазоқӣ табдили ном кунад. Вай гуфт, соли 2020 "аз таъсисёбии Ҷумҳурии Қазоқӣ дар ҳайати СССР 100 сол пур мешавад".

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар моҳи феврали соли 2014 пешниҳод карда буд, ки аз номи кишвар барчаспи "истон" бардошта шавад. Ин мавзуъ то чанд гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG