Ссылки доступа

Туркманистон соҳаи нақлиёташро хусусӣ мегардонад


Туркманистон гуфт, тасмим дорад, қисми бузурги зербиноии нақлиётиро дар ин кишвар хусусӣ гардонад.

Дар фармони президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз 30 январ омадааст, ки ҳадафи хусусигардонӣ тақвияти рақобатпазирии иқтисоди кишвар, ҷалби сармоя ва дастгирии тиҷорати хурду миёна аст.

Бердимуҳаммадов ба Вазорати адлияи Туркманистон 3 моҳ муҳлат додааст, ки лоиҳаи қонуни ислоҳоти бахши нақлиётро таҳия ва пешниҳод кунад. Вале дар фармон дақиқ гуфта нашудааст, ки ба хориҷиҳо иҷозат медиҳанд, дар бахши хусусишуда сармоягузорӣ кунанд, ё не.

Бердимуҳаммадови 51-сола пас аз марги президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов, ки бо саркӯби дигарандешон маъруф буд, дар моҳи декабри соли 2008 сари қудрат омад. Мунаққидон ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар давраи раҳбарии Бердимуҳаммадов саркӯби дигарандешон пурзӯр шуда, маҳдудиятҳо идома ёфтанд.

XS
SM
MD
LG