Ссылки доступа

Дар ҷануби Қирғизистон 200 хонанда дар хайма дарс мехонанд


Дар ноҳияи Ала-Букини вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ҳудуди 200 хонандаи мактаби рақами 20-и деҳаи Якуми май аз аввали моҳи январи соли равон дар хаймаҳо дарс мехонанд. Дар ин бора раиси маҳаллаи Якуми май Муктар Шербоев хабар дод.

"Бинои мактаби куҳна дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Аз моҳи сентябри соли гузашта ба ин сӯ дарсҳо дар Хонаи фарҳангии маҳаллӣ баргузор мешуданд. Вале дар рӯзҳои кутоҳи зимистон намешавад, дар се баст дарс гузашт. Бинобар ин маҷбур шудем, 200 хонандаро дар хаймаҳо ҷой кунем", изҳор дошт ӯ.

Хаймаҳоро дар назди бинои Хонаи фарҳангӣ Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон насб карда, мақомоти маҳаллӣ масъалаи гарм кардани онҳоро бар зимма гирифтаанд. Дар ҳоли ҳозир, бунёди мактаби нав баррасӣ намешавад.

Дар ин минтақаи аҳолинишини Якуми май, ки бо Ӯзбекистон ҳаммарз аст, ҳудуди 3 ҳазор одам зиндагӣ мекунад. Бинои мактаби куҳна соли 1959 бунёд шуда буд. Тайи солҳои ахир мақомоти ҳолатҳои фавқулода ду бор онро садамавӣ эътироф карданд. Вале ба иллати норасоии ҷой 200 хонанда дар он дарс мехонданд. Дар Якуми май 7 мактаб аст, ки се тои онҳо дар ҳолати садамавиянд.

XS
SM
MD
LG