Ссылки доступа

Ӯзбекистон тасмим дорад, аз Русия ҳавопаймои низомии Як-130 харидорӣ кунад


Ӯзбекистон бо Русия дар мавриди харидории ҳавопаймоҳои таълимиву ҷангии Як-130 гуфтугӯ мекунад. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" 30 январ хабар дод.

Ба навиштаи нашрия, вазорати мудофиаи Ӯзбекистон ҳавасманди харидани ҳавопаймоҳои Як-130 аст, ки дар корхонаи авиатсионии Иркутск сохта мешаванд.

Ҳавопаймоҳои Як-130 барои омодагии ҷангии халабонҳо ва барои ҳамлаи нуқтаҳои заминиву осмонӣ истифода мешаванд. Пештар аз ин Бангладеш, Мянмар, Белорус ва Лаос низ аз чунин ҳавопаймоҳо харида буданд.

Дар рейтинг ё баҳогузории байналхалқии артишҳои ҷаҳон - Military Strength Ranking - дар соли 2018 неруҳои Ӯзбекистон бо касби мақоми 39 дар Осиёи Марказӣ пурқудраттарин шуданд. Артиши Ӯзбекистон 420 танк, 715 БТР ва БМП, 880 силоҳи вазнин, 143 тӯп, 179 ҳавопаймову чархбол ва ғайра дорад. Шумори сарбозони ин кишвар ба 76 600 кас мерасад. Буҷаи низомии Ӯзбекистон 70 миллион долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG