Ссылки доступа

Reuters: Венесуэла ба Имороти Арабӣ 15 тона тило мефурӯшад


Венесуэла ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ 15 тона тило мефурӯшад. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба манбааш дар Каракас хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Бонки марказии Венесуэла як қисми тилоҳоро бо евро табодул мекунад.

Ҳамсуҳбати хабаргузорӣ гуфтааст, 26 январ Венесуэла ба Риёз бо як ҳавопаймо 3 тона тило интиқол додааст. Дар маҷмуъ ин кишвар тасмим дорад, 29 тона тилои Бонки марказиро фурӯшад.

Нашрияи "Новая газета"-и рӯзи 31 январ хабар дод, қисме аз тилоҳои захиравии Венесуэла, ки дар Москва нигаҳдорӣ мешуданд, бо ҳавопаймои борбаре ба Дубай интиқол ёфта ва онҷо фурӯхта шудаанд. Баъди он ҳавопаймои борбар маблағҳоро ба Каракас интиқол додааст.

Ба иттилои расонаҳо, то моҳи январ дар Русия наздики 30 тона тилои Венесуэла нигаҳдорӣ мешуд, ки арзиши бозории он 1,2 миллиар долларро ташкил медод. Бонки марказии Русия иттилоъ дар бораи фурӯши тилоҳоро рад мекунад.

Моҳи январ Бонки Англия, ки қисме аз тилоҳои Венесуэла онҷо нигаҳдорӣ мешуданд, дастарсии мансабдорони Венесуэларо ба тилоҳо маҳдуд кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории Bloomberg. Хуан Гуайдо, роҳбари мухолифон тасмим дорад, тилоҳои мазкурро дастрас кунад. ИМА ва аксари кишварҳои Амрикои Лотинӣ Гуайдоро президенти муваққати Венесуэла эътироф кардаанд.

XS
SM
MD
LG