Ссылки доступа

Ӯзбекистон манъи ҳаракати автобусҳои "Тошканд-Бишкек"-ро шарҳ дод


Оҷонси нақлиётии Ӯзбекистон манъ шудани ҳаракати автобусҳои масири "Бишкек-Тошканд"-ро ба воситаи Қазоқистон шарҳ дод.

Ба огаҳии оҷонс, ҷониби Қирғизистон дар ҷадвали ҳаракати автобусҳо дар фасли сармо тағйирот ворид кардааст, ки бо ҷадвали ҳаракти автобусҳои масири "Дархон-Бишкек" дар як вақт рост омадааст. Дархон як деҳаи Қазоқистон аст, ки дар марз бо Ӯзбекистон ҷойгир аст. Ин кор ба ихтилофи назар миёни ширкатҳои мусофирбари Қазоқистону Қирғизистон сабаб шудааст.

Дар натиҷа Қазоқистон ҳаракати автобусҳои масири "Тошканд-Бишкек"-ро ба воситаи қаламрави худ манъ кардааст. Дар ҳоли ҳозир гуфтугӯҳо миёни се кишвар идома доранд.

Расонаҳо аз манъи ҳаракати автобусҳои масири "Тошканд-Бишкек" ба воситаи Қазоқистон охирҳои моҳи январ хабар доданд. Вале бино ба иттилои тасдиқношуда, ҷониби Қазоқистон талаб дорад, дар масири мазкур автобусҳои он низ мусофир кашонанд.

Қирғизистону Қазоқистон ҳаракати автобусҳоро байни пойтахтҳои худ моҳи майи соли 2018, пас аз гуфтугӯҳои тӯлонӣ ба роҳ монда буданд.

XS
SM
MD
LG