Ссылки доступа

Сергей Лавров барои таҳияи сафари Путин вориди Бишкек шуд


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар доираи як сафари расмӣ вориди шаҳри Бишкек шуд. Ӯ 4 феврал бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дидору гуфтугӯ кард. Дар ин бора сомонаи президенти Қирғизистон хабар медиҳад.

Лавров гуфт, боздиди ӯ аз Бишкек ба сафари давлатии президенти Русия Владимир Путин ба Қирғизистон ва ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар бахшида шудааст.

"Имрӯз бо вазири умури хориҷии Қирғизистон тамоми вазифаҳои хориҷиеро муфассал баррасӣ хоҳем кард, ки раҳбарони ду кишвар дар зиммаи мо гузоштаанд", - изҳор дошт Лавров.

Ҷеенбеков сафари Путинро "ҳодисаи муҳими сиёсӣ" номид. Ба гуфтаи ӯ, боздиди раҳбари Русия аз Бишкек "сатҳи баланди ҳампаймонӣ ва шарикии стратегии ду кишвар"-ро нишон хоҳад дод.​

Пештар хабар дода шуд, ки интизор меравад, сафари Путин ба Қирғизистон охирҳои моҳи марти соли равон сурат бигирад. Ба огаҳии дастгоҳи президенти Қирғизистон, дар ҷараёни сафари Путин ҳудуди 15 санади ҳамкорӣ имзо хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG