Ссылки доступа

Вазири корҳои хориҷии Русия барои заминагузории сафари Путин ба Бишкек омад


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо сафари расмӣ ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон омад. Лавро 4 феврал бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот кард.

Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки сафари вай ба Бишкек ба хотири заминагузорӣ ба сафари президенти Русия Владимир Путин ба Қирғизистон ва инчунин ҷаласаи комисияи байниҳукуматӣ сурат гирифтааст.

"Мо имрӯз бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ҳамаи масоили сиёсати хориҷиро баррасӣ мекунем, ки роҳбарони давлатҳои мо дар назди мо гузоштаанд", - гуфт Лавров

Ҷеенбеков сафари дар пеши рӯи Путинро "рӯйдоди муҳими сиёсӣ" унвон кард.

Пештар аз ин хабар расид, ки Путин охири моҳи марти соли ҷорӣ бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон хоҳад омад. Гуфта мешавад, дар сафари Путин ба Қирғизистон 15 ҳуҷҷати ҳамкорӣ имзо хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG