Интизор меравад, имзои он соли равон дар ҷараёни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Брюссел сурат гирад.
Ҷонибҳо 23 ноябри соли 2018 дар Брюссел эълом карданд, ки механизми раванди гуфтугӯро расман роҳандозӣ карданд. Ҳайати ИА-ро, ки то 7 феврал дар Тошканд хоҳанд буд, муовини раиси Хадамоти умури хориҷии Аврупо Люк Девин раҳбарӣ мекунад.
Созишномаи амалкунанда миёни Ӯзбекистон ва ИА 1 июли соли 1999 ба иҷро даромада буд.
Санад пеш аз ҳама ба дастгирии Ӯзбекистон дар бахши иҷтимоиву иқтисодӣ равона шудааст. Дар ҳоли ҳозир, ИА дар бахшҳои иқтисоду иҷтимоии Ӯзбекистон 25 тарҳро ба маблағи 103 миллион евро ва ҳамчунин 10 лоиҳаи минтақавиро ба маблағи 33,5 миллион евро иҷро мекунад.
Аз ҷумла ҷониби Ӯзбекистон ҳамроҳ бо ҳамсояҳои худ аз Осиёи Марказӣ дар барномаи бахши маориф (Эразмус+), идораи марзҳо (БОМКА) ва мубориза бо маводи мухаддир (КАДАП) иштирок дорад. Ҳаҷми умумии кумакҳои ИА ба Ӯзбекистон дар солҳои 2014-2020 168 миллион евроро ташкил медиҳад.