Ссылки доступа

Сокини Қирғизистон дастдарозӣ ба номуси духтари худро эътироф кард


Сокини 47-солаи ноҳияи Узгени Қирғизистон эътироф кард, ки ба номуси духтари 14-солаи худ дастдарозӣ кардааст. Ин мард аз 20 январи соли равон дар ҳабс аст.

Духтари гумонбар дар моҳи шашуми ҳомиладорӣ қарор дорад. Ӯ ҳоло дар хонаи хешонаш зиндагӣ мекунад.

Сухангӯи пулиси Узген Женишбек Аширбоев гуфт, мутахассисони ҳукумати ноҳия тақдири минбаъдаи духтарро баррасӣ доранд. "Агар хешонаш ӯро қабул кунанд, ба онҳо дода мешавад. Агар қабул накунанд, таҳти ҳимояти давлат қарор хоҳад гирифт", - афзуд Аширбоев.

Бино ба маълумоти пешакӣ, мард аз бемории равонӣ ранҷ мебарад. Модари духтар соли 2013 даргузаштааст.

XS
SM
MD
LG