- Ахбори Озодӣ аз 4 феврали соли 2019. Тоҷикистону Қатар дар бахши муҳоҷирати корӣ созишномаеро имзо карданд, соли гузашта дар сохтмони Роғун 6 кас ба ҳалокат расидааст, мушкили интиқоли ҷасадҳои муҳоҷирон ба ватан, камбуди об дар Шӯроби Исфара ва матолиби дигар. (видео)
- Сафири Русия гуфт, назараш дар бораи андоз дар Тоҷикистон дигар нашудааст. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, хуруҷи Амрико аз созишномаи маҳви мушакҳои дурпарвоз "иштибоҳ" аст. Фролов дар як сӯҳбат гуфт, даст кашидани Амрико аз ин созишнома ба вазъи амният дар тамоми ҷаҳон таъсири ҷиддӣ дорад (видео)
- Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, Зайд Саидовро озод намекунанд. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди тавсияи Созмони Милали Муттаҳид барои озод кардани Зайд Саидов, тоҷири шинохта ва вазири собиқи саноат, ӯ дар зиндон мемонад (видео)
- Як тир Дилшодро хонавайрону муҳтоҷу дастнигар кард. Дилшод Зокиров нишонзани собиқи гуруҳи ОМОН се сол пеш дар амалиёт ба зидди генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода тир хӯрд ва мӯҳтоҷу дастнигар шуд (видео)
- Таронахонии Қорӣ Шамшод дар ҷашни 70-солагии Тоҷиддини Муҳиддин. Шамшод Муҳиддинов, маъруф бо номи Қорӣ Шамшод ва имом-хатиби масҷиди деҳаи Дурбат дар шаҳри Ҳисор, баъди замзамаи як тарона дар баҳори соли гузашта ва дифоъ аз раво будани мусиқии ором дар ислом, "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон" эълон шуд (видео)
- Осиё 360: деҳае, ки зимистон офтобу тобистон моҳтоб надорад. Дар ноҳияи Бодканди Қирғизистон деҳае аст, ки сокинонанш зимистон офтоброву тобистон моҳтобро намебинанд. (видеои Настоящее время)
- Осиё: дар Қирғизистон ҳар рӯз 15 кас ба саратон гирифтор мешаванд. Дар Қирғизистон ҳар рӯз 15 кас хабардор мешаванд, ки ба бемории саратон гирифторанд. Қотили варзишкори қазоқ Денис Тен зидди ҳукми додгоҳ шикоят кард. Дар Остона панҷ хоҳари ноболиғ дар натиҷаи сӯхтор ба ҳалокат расиданд. (видео)
- Панҷ номзади асосӣ ба мақоми президентии Украина чӣ ваъда медиҳанд? (видеои Настоящее время)
- Оилаи тоҷике, ки пас аз 5 соли зиндагӣ дар контейнер соҳиби хона шуданд. (видеои Настоящее время)
- Николас Мадуро аз попи Рум дархости кумак кард. (видеои Настоящее время)
- Чаро дар Қирғизистон аз қонун дар бораи ҳифзи касоне, ки дар бораи фасодкорӣ хабар додаанд, норозӣ ҳастанд (видеои Настоящее время)
- Чаро Қазоқистон бо сатрпӯшӣ дар мактабҳо мубориза мебарад? (Видео аз Директ)
- Доруи ройгоне, ки нест. Дар Петропавловск шахсони гирифтор ба бемориҳои музмин мегӯянд, се моҳ аст, наметавонанд, доруи ройгонеро дарёфт кунанд, ки дар асоси қонун ваъда шудааст. Онҳо маҷбуранд, доруҳоро аз ҳисоби худ бихаранд.(Видео аз Қазоқистон)
- Дар "шаҳраки Гидролиз" чӣ мегузарад? Чаро сокинон намехоҳанд хонаҳои худро тарк кунанд? Додситони кулли Ӯзбекистон қазияи тахриби хонаҳоро дар маркази шаҳри Фарғона зери назорат гирифт. (видео)
- Панҷ усули роҳиби буддоӣ Алексей. Дар деҳаи Маевкаи Куҳии наздики шаҳри Бишкек ягона маъбади буддоии Қирғизистон ҷойгир аст. Дар он ҷо роҳиб Алексей Шмигл зиндагӣ дорад (видео аз Директ)