Ссылки доступа

Кобули расмӣ ва Толибон барои гуфтугӯи мустақим ба Тошканд даъват шуданд


Вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи даҳшатафкани Толибонро барои гуфтугӯи мустақим ба шаҳри Тошканд даъват кард.

Бино ба хабарҳои расмӣ, Комилов ин изҳороти худро дар мулоқот бо намояндаи махсуси дабири кулли СММ, раҳбари Маъмурияти СММ барои мусоидат ба Афғонистон Тадамичӣ Ямамото баён доштааст. Ямамото дар доираи як сафар меҳмони Тошканд аст.

Абдулазиз Комилов изҳор доштааст, ки Ӯзбекистон омодааст, тамоми шароитро барои гуфтугӯи мустақими ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар ҳудуди худ фароҳам кунад.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон, намояндаи СММ аз сиёсати Ӯзбекистон ба раҳбарии президент Шавкат Мирзиёев дар робита ба раванди сулҳи Афғонистон ва барқарорсозии ин кишвар аз нигоҳи иҷтимоиву иқтисодӣ истиқбол кардааст.

XS
SM
MD
LG