Ссылки доступа

Санҷиши ширкатҳои раиси Тошканд монеи "меҳнати ғуломона"-и сохтмончиён нашуд


Нозирони вазорати меҳнати Ӯзбекистон баъди мақолае дар бораи шикояти коргарон ва "шароитҳои ғуломона"-и ширкати марбут ба раиси шаҳри Тошканд, "вазъро фавран тафтиш" карданд.

Ба иттилои вазорат, гуруҳи махсус 1 феврал ба ширкати "Discover Invest" рафт. Нозирон шароитҳоеро, ки дар мақола зикр шудааст - эътирози коргарон, кори бидуни рӯзи истироҳат, надодани музди меҳнат ва дигар ҳолатҳои вайроншавии қонунгузории меҳнатро ошкор накарданд.

"Мо ҳоло дар корхонаи мумфаршсозии "Хонобод-25" кор мекунем. Биёед ва вазъи моро бубинед. Нозирон касонеро тафтиш карданд, ки шикоят надоштанд. Роҳбарият бо кормандон муносибати бадтар аз ғуломонаро дорад. 22 коргар дар як вагон хоб меравем, ки ҳаммому ҳоҷатхона надорад", - гуфт як коргар рӯзи 5 феврал.

XS
SM
MD
LG