Ссылки доступа

Трамп: ИМА ҳафтаи оянда маҳви ДИ-ро расман эълом мекунад


Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе гуфт, эҳтимол аст, ҳафтаи оянда расман эълом карда шавад, ки тамоми минтақаҳои зери идораи гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) аз дасти ҷангҷӯён озод шуданд.

Ин изҳороти Трамп дар ҷараёни мулоқоти ӯ бо намояндагони эътилофи низомии 79 кишвар ба раҳбарии Амрико садо дод, ки давоми чанд соли ахир зидди ДИ мубориза мебаранд. Ба гуфтаи президенти ИМА, ҷангҷӯёни созмони тундрав ҳоло як қисмати хурди минтақаеро дар даст доранд, ки "хилофат"-и худ эълом карда буданд.

Мақомҳои расмии ИМА ҳафтаҳои ахир эълом карданд, ки ҷангҷӯёни ДИ 99,5 дарсади минтақаҳои зери назорати худро аз даст додаанд ва ҳоло танҳо 5 километри мураббаъро дар навоҳии рӯдхонаи Фурот, дар Сурия идора мекунанд.

"Эҳтимол аст, ҳафтаи оянда расман эълом карда шавад, ки мо 100 дарсади ҳудуди хилофатро озод кардем", - гуфт Трамп. Вай афзуд, ки ИМА бо вуҷуди бурунрафти нирӯҳояш аз Сурия ҳамла ба ҷангҷӯёни боқии созмонро идома хоҳад дод.

Қарори Трамп барои бурунрафти нирӯҳои ИМА за Сурия қонунгузорҳои амрикоӣ -- ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, эҳтимол дорад, ДИ дубора фаъол шавад.

XS
SM
MD
LG