Ссылки доступа

Ҳалокати донишҷӯи ӯзбек дар пайи хунукназарии раҳбарияти донишгоҳи Санкт-Петербург


Муовини ректори Донишгоҳи давлатии дорусозӣ-кимиёии шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар пайи ҳалокати як донишҷӯи ӯзбекистонӣ аз зарбаи яхпора бо ҷурми "Хунукназарӣ" ва "Гирифтани ришва" дастгир шуд.

Донишҷӯи курси панҷум ва шаҳрванди Ӯзбекистон Бобурбек Очилов 5 феврал дар натиҷаи афтидани яхпора аз боми таълимгоҳ ҷон бохта, рафиқи ӯ аз Тоҷикистон захмӣ ва дар беморхона бистарӣ шуд.

Падари Очилови 23-сола бо бахшидани онҳое, ки дар хуб тоза накардани яхҳои бом айбдор буданд, аз муфаттишон хост, ҷасади писарашро колбадшикофӣ накунанд. Ба гуфтаи ҳамдарсони Очилов, донишҷӯи ӯзбек он рӯз барои супоридани санҷиши миёндаврӣ ба донишгоҳ рафта буд.

Бино ба иттилои тафтишот, Донишгоҳи давлатии дорусозии Санкт-Петербург барои тоза кардани яхи бомҳо бо ширкати "Вентформат" қарордод имзо карда буд, вале корхона бомҳоро хуб тоза накардааст. Дар робита ба ин ҳодиса мудири кулли "Вентформат" бозпурсӣ шудааст.

Муфаттишон мегӯянд, муовини ректори Донишгоҳи давлатии дорусозии Санкт-Петербург, ки масъули назорати корҳои тозакунии яхи бомҳо буд, беаҳамиятӣ кардааст. Ҳамчунин ӯ барои имзои се қарордод бидуни озмун аз масъулони "Вентформат" 50 ҳазор рубл ришва гирифтааст.

XS
SM
MD
LG