Ссылки доступа

Дармонгоҳҳои хусусии Қирғизистон ҳаққи пайванди аъзоро пайдо мекунанд


Порлумони Қирғизистон ба таҳияи лоиҳаи қонуне шуруъ кард, ки иҷозат медиҳад, дармонгоҳҳои хусусӣ ҷарроҳии пайванди аъзоро анҷом диҳанд.

Соли 2016 президенти вақти он кишвар баъди вокунишҳои манфии мардум имзои лоиҳаи қонуни мазкурро ба таъхир гузошта, онро дубора ба порлумон баргардонд. Аммо ҷомеаи он кишвар ҳанӯз бар ин бовар аст, ки давлат наметавонад, назорати лозимро барои ҷарроҳии пайванди аъзо дар дармонгоҳҳои хусусӣ ба роҳ монад. Ба ҳамин далел, дар сурати қабул шудани қонун, дар Қирғизистон бозори сиёҳи тиҷорати аъзои одамон пайдо мешавад.

Вакилон порлумон мегӯянд, дар лоиҳаи қонун шартҳо ва меъёрҳои ҷавобгарӣ барои ҷарроҳии пайванди аъзо мушаххас мешавад. Дармонгоҳҳои хусусӣ барои ин навъи ҷарроҳӣ бояд дастгоҳ ва озмоишгоҳҳои муосир дошта бошанд ва табибон ҳам дорои маҳорати баланд бошанд.

XS
SM
MD
LG