Ссылки доступа

Туркия аз Чин даъват кард, "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ"-ро бандад


Анқараи расмӣ аз Чин даъват кард, ки ҳуқуқи уйғуртаборҳоро риоя ва урдугоҳҳои бозтарбияро бандад, гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Туркия Ҳомӣ Оқсӯй.

"Бештар аз як миллион уйғур дар зиндон ва урдугоҳҳо иҷборан нигаҳ дошта мешаванд, шиканҷа ва "табобат"-и идеологӣ мебинанд. Уйғурҳои берун аз Чин, аз ҷумла онҳое, ки дар Туркия зиндагӣ мекунанд, бо наздиконашон дар Чин робита надоранд... Ташкили урудгоҳҳои бозтарбия дар асри 21 барои тамоми башарият шармовар аст. Аз мақомоти Чин даъват мекунем, ки ҳуқуқҳои аввалиндараҷаи уйғурҳоро риоя кунанд ва урдугоҳҳоро банданд", - гуфт Оқсӯй.

Ба гуфтаи вай, масъалаи уйғурҳо дар суҳбатҳои Туркия бо Чин пайваста баррасӣ мешавад. Ҷомеаи байналхалқӣ ва дабири кулли СММ бояд барои ҳалли фоҷиаи башарӣ иқдоми ҷиддӣ кунанд, мегӯяд дипломати Туркия.

Гурӯҳе аз мутахассисони Созмони Милали Муттаҳид ахиран дар як гузориш гуфтанд, наздик ба як миллион уйғур ва ақаллияти турктабор дар Шинҷони Чин дар лагерҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Пекин ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, уйғурҳо барои омӯзиши касб ба марказҳои махсус фиристода шудаанд. Понздаҳ миллион аз уйғурҳо дар Чин ба сар мебаранд ва солҳо боз аз бадрафтории мақомоти он кишвар шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG