Намояндаи Комиссияи давлатӣ дар умури дини Қирғизистон Замирбек Турсунбеков гуфт, гумонбар пас аз як низоъ бо ҳамдеҳагонаш даст ба ин кор задааст ва ҳодисаро ҳоло пулис тафтиш дорад.
Ёдрас мешавем, 11 январи соли равон дар қабристони православҳои Ананево ҳудуди 90 салиб тахриб карда шуд.
Раиси ҳукумати ноҳияи Иссиқкӯл Данир Имоналиев ва сардори пулиси ноҳия Нурғозӣ Увалиев 12 январ бо сокини Ананево мулоқот карда, ваъда дода буданд, ки дастандаркоронро пайдо хоҳанд кард.
13 январ барқарорсозии салибҳо оғоз шуд.