Ссылки доступа

Шаҳрванди Русия маҷбур шуд, зинда буданашро дар додгоҳ исбот кунад


Як сокини шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия ба додситонӣ муроҷиат кардааст, ки зинда будани ӯро тасдиқ кунад. Ба огаҳии додситонӣ, номи ин зан дар тамоми пойгоҳҳои иттилоотии давлатӣ аз соли гузашта ба ин сӯ дар қатори фавтидагон қарор доштааст.

Хабари фавти сокини Братск моҳи октябри соли 2018 ба пойгоҳи иттилоотӣ ворид гаштааст. Дар натиҷа пардохти нафақаи зан қатъ ва ҳисобҳои бонкиву бимаи тиббиаш баста шудаанд.

Кормандони додситонӣ муайян карданд, ки моҳи августи соли 2018 зане бо ин ном дар шаҳри Усоле-Сибирское фавтида будааст.

Дар натиҷаи муроҷиати додситонӣ ба додгоҳ, хабари фавти зан нодуруст дониста шуда, ҳуқуқи конститутсионии ӯро пурра барқарор кардаанд. Рушан нест, чӣ гуна шахсияти ӯ ва зани фавтида бо ҳам ҷой иваз кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир пулиси Усоле-Сибирское шахсияти зани фавтидаро муайян мекунад.

XS
SM
MD
LG