Ссылки доступа

Дар интихоботи президентии Украина 44 номзад иштирок мекунанд


Дар интихоботи президентии Украина теъдоди рекордии номзадҳо -- 44 кас иштирок хоҳанд кард. Президенти кунунии кишвар Петр Порошенко низ яке аз номзадҳои асосӣ ба шумор рафта, мегӯяд, дар панҷсолаи дувуми президентияш кишварро ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО шомил хоҳад кард.

Бино ба назарпурсиҳои ахир, дар интихоботи президентии 31 март сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко ва ҳаҷвнигор Владимир Зеленский рақибони асосии Порошенко ҳастанд.

Порошенкои 53-сола, яке аз сарватмандтарин афроди Украина дар натиҷаи эътирозҳое сари қудрат омад, ки моҳи феврали соли 2014 бо сарнагун шудани ҳукумати президенти пешини Украина Виктор Янукович анҷомиданд.

Ӯ ҷонибдори ҳамгироӣ бо Ғарб буда, Русияро барои ишғоли Қрим, барангехтани низоъ ва дастгирии ҷудоихоҳон дар шарқи Украина танқид мекунад.

Тимошенкои 58-сола яке аз раҳбарони "инқилоби норинҷӣ" дар соли 2004 буда, дар интихоботи соли 2014 аз Порошенко шикаст хӯрд.

XS
SM
MD
LG